- бардоштан
- [برداشتن]1. боло (баланд) кардан (чизеро аз замин); пардаро бардоштан пардаро кушодан (боз кардан); сар бардоштан а) сар боло кардан; б) маҷ. ба по хестан, шӯридан, исён кардан2. нигоҳ доштан, қуввати нигоҳдорӣ доштан3. ба даст гирифтан; байрақ бардоштан байрақ ба даст гирифтан, байрақ афроштан4. бурдан; гирифта бурдан5. ғундоштан, ҷамъ овардан: хирман (ҳосил) бардоштан6. маҷ. хӯрдан, нӯшидан (бештар шаробро); қадаҳ бардоштан шароб нӯшидан, май хӯрдан7. маҷ. тоб овардан, тоқат кардан: нози касеро бардоштан ба инҷиқии касе тоб овардан, нозу нузи касеро қабул кардан8. мувофиқи тобу тавон наомадан; номувофиқ омадан9. маҷ. гӯру чӯб кардан, дафн кардан10. ҳамчун феъли ёридиҳанда бо исмҳо феълҳои таркибӣ сохта, ба маънои оғоз ёфтан, сар шудани амал истифода мешавад: гиря бардоштан, мағал бардоштан, нола бардоштан, фарёд бардоштан, ғавғо бардоштан; масъала бардоштан масъала ба миён гузоштан, мавриди баҳс қарор додани масъала; санг набардоштан тарозузеркун набудан, вазн надоштан; қарз бардоштан қарз гирифтан; об бардоштани биринҷ обро ба худ кашидани биринҷ (дар вақти палав пухтан); хароҷоти чизеро бардоштан ба хароҷоти чизе басанда будан, масрафи кореро таъмин карда тавонистан◊ дил бардоштан майл доштан ба чизе, чизеро дил кашидан; дили касеро бардоштан таскин додан, тасаллӣ додан ба касе; қадам бардоштан роҳ рафтан, ҳаракат кардан; аз миён бардоштан аз байн бурдан, маҳв кардан; мушт бардоштан ба сари касе таҳдид кардан; касеро бо мушт задан; ҷоеро ба сар бардоштан баланд садо баровардан; сахт доду фарёд кардан, шӯру ғавғо кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.